<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Am</key>
<hymn_number>80</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.Am        E            Dm    Am
 Эй осмон, бикшой дар, ороиши нав деҳ дигар,
.Dm       Am
 аҳди Худоӣ шуд ба сар.
.                      E   Dm         E
 //  Бархост Исо аз замин, бар ҷони покаш
. Am
 офарин!  //

[V2]
 Кай ҷисми он Халлоқи ҷон монад ба хок
 андар ниҳон?
 Эҳёи Ӯро бин аён.
 //  Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш
 офарин!  //

[V3]
 Табдил кард ин хонаро, афрӯхт ин кошонаро,
 пур сохт он паймонаро.
 //  Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш
 офарин!  //

[V4]
 Додат атоҳо аз карам, нобуд шуд андӯҳу ғам,
 озодиатро зад рақам.
 //  Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш
 офарин!  //

[V5]
 Хайли малоик мунтазир, каррубиён дар раҳгузар,
 к - ояд Писар назди Падар.
 //  Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш
 офарин!  //</lyrics>
<title>Эй осмон, бикшой дар, ороиши нав деҳ дигар Хд80</title>
</song>